Нашри аввали чорабинии питчинги iFilm мӯҳлати пешниҳоди лоиҳаҳои филмҳои кӯтоҳро то 21 ноябри соли 2025 тамдид кард. Ин тасмим дар пайи афзоиши мизони истиқбол ва дархости ҳунармандони ҷавон, ба вижа аз миёни филмсозоне, ки дар кишварҳои форсизабони минтақа фаъолият мекунанд, гирифта шуда аст; ҳунармандоне, ки барои пешниҳоди ҳирфаии идеяҳои худ ва дарёфти ҳимояти молӣ, маъмулан роҳҳои маҳдуде дар ихтиёр доранд.
«Пичинг» раванде ҳирфаӣ аст, ки дар он холиқони идея, тарҳи филми худро дар чанд дақиқа ба гунаи фишурда, равшан ва қонеъкунанда дар баробари таҳиякунандагон ва сармоягузорон ироа мекунанд. Ошноӣ бо ин маҳорат барои филмсозони ҷавон, бахусус дар кишварҳое ,ки сохторҳои сармоягузории синамоӣ ба сурати густурда фаъол нест, як зарурат ба шумор меравад.
Тамоми марҳилаҳои сабти ном ва ирсоли тарҳ аз тариқи вебгоҳи расмии рӯйдод ба нишонии ifilmpitching.com анҷом мешавад. Хоҳишмандон метавонанд бо такмили форми диҷитол, тарҳи филми кӯтоҳи худро дар қолаби PDF боргузорӣ кунанд. Пас аз поёни замони сабти ном, дабирхона тарҳҳои ирсолшударо баррасӣ ва натиҷаҳои ибтидоиро эълом хоҳад кард.
Афроди пазируфташуда ба давраҳои омӯзишии онлайн даъват мешаванд; давраҳое, ки ба сурати корбурдӣ бар маҳоратҳои ироа, сохтордеҳии тарҳ, танзими мантиқии муҳтаво ва шеваи қонеъсозии сармоягузор тамаркуз дорад. Ин омӯзишҳо ба гунае тарҳрезӣ шуда, ки филмсозони муқими Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар нуқот битавонанд бидуни маҳдудияти ҷуғрофӣ аз он баҳраманд шаванд.
Ҷаласаҳои ҳузурии Пичинг ҳамзамон бо «Чаҳорумин Ҷашнвораи расонаии Субҳ» дар охири Ҳамал/Фарвардини 1405(апрели 2026) баргузор хоҳад шуд. Ин ҷашнвора бо меҳварияти рушди тавлидоти расонаӣ, идеяпардозӣ ва кашфи истеъдодҳои тоза фаъолият мекунад. Баргузории Пичинг дар ҳошияи ин ҷашнвора, таваҷҷуҳи бештари мудирони расонаӣ ва сармоягузоронро ба тарҳҳои ироашуда ҷалб менамояд.
Дар ҷараёни ҷаласаҳои ҳузурӣ, ҳар ироадиҳанда танҳо чанд дақиқа фурсат хоҳад дошт, то тарҳи худро ба гунаи ҳирфаӣ матраҳ кунад. Тарҳҳое, ки битавонанд ҳайати доварӣ ва сармоягузоронро қонеъ созанд, шонси дарёфти ҳимояти молӣ барои тавлидро хоҳанд дошт; фурсате, ки барои филмсозони ҷавони минтақа метавонад нуқтаи таҳаввули ҷиддӣ дар масири ҳирфаияшон бошад.
Яке аз аҳдофи калидии ин барнома, кашфи истеъдодҳои тоза ва ҳимоят аз филмсозоне аст, ки қадамҳои нахустинро дар масири ҳирфаӣ бармедоранд. Филмсозони Афғонистон ва Тоҷикистон маъмулан бо чолишҳое монанди дастрасии маҳдуд ба сохторҳои расмии ироаи тарҳ, камбуди заминаҳои ҷазби ҳимояти молӣ ва набуди фурсатҳои омӯзишии вижаи Пичинг рӯбарӯянд. Аз ин рӯ, ширкат дар як рӯйдоди тахассусӣ ва фаромиллӣ чун «Пичинг Айфилм» метавонад даричае тоза ба сӯи рушд ва шабакасозии ҳирфаӣ барои онон бикушояд.
Ширкат дар ин рӯйдод барои филмсозоне имконпазир аст, ки собиқаи сохти филми кӯтоҳ ё таҷрибаи фаъолияти ҳирфаӣ дар ҳавзаи синемо дошта бошанд. Дабирхона ҳамчунин итминон дода аст, ки ҳуқуқи моликияти фикрии соҳибони тарҳҳо маҳфуз буда ва тамоми иттилооти ироашуда бо риояти усули маҳрамонагӣ баррасӣ мешавад.
Тамоми ҷузъиёти шароит дар иттилоияи расмии мавҷуд дар вебгоҳи ifilmpitching.com қобили дастрасӣ аст.
«Рӯйдоди Пичинг Айфилм» на танҳо як фарохони сода, балки сакуи ҳирфаӣ барои омӯзиш, ироа ва ҷазби ҳимояти молӣ аст. Тамдиди муҳлат то 21 ноябри соли 2025 фурсате дуборае фароҳам мекунад то филмсозони минтақа бо омодагии беҳтар ва ироае устувор, шонси ҳузур дар ҷаласаҳои Пичинг ва вуруд ба масири тавлиди ҳирфаиро афзоиш диҳанд.